Президенти Беларус Александр Лукашенко зимни машварати имрӯзаи онлайнии сарони кишварҳои СПАД пешниҳод намуд, ки барои пешгирӣ аз такрори сенарияи рӯйдодҳои Қазоқистон, Тоҷикистон аз лиҳози низомӣ дастгирӣ шавад, хабар медиҳад шабакаи телевизионии Tsargrad.

Ба гуфтаи вай, шиддат гирифтани вазъият водор мекунад, ки барои мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ иқдомоти муштарак роҳандозӣ шавад.

“Фурсати муносибест, то ки ҳоло ҷамъ омада, каме дар бораи Тоҷикистон сӯҳбат кунем. Солҳост, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон аз мо кумаки моддӣ бо техникаи низомӣ дархост мекунад.

Бояд ин корро кунем, зеро баъдан ба мо гаронтар меафтад, чуноне ки бо Қазоқистон - техникаи зиёдеро тариқи қариб 200 парвоз интиқол додем, хушбахтона, Русия розӣ шуд.

Намехостам, ки дар Тоҷикистон низ воқеаҳо чунин сурат гиранд. Беҳтараш ӯ ҳозир дар он ҷо ин мушкилотро ҳал кунад”, - изҳор дошт вай.

Ба гуфтаи Лукашенко, дар вақташ маҳз Эмомалӣ Раҳмон аз лонаҳои хуфтаи террористон дар Қазоқистон ҳушдор дода буд.

“Аз Ғарбу Амрико шарм кардан лозим нест. Гирду атрофро нигоҳ мекунем. Вақте ки онҳо ба мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд, дар бораи демократия фикр намекунанд. Моро ҳам лозим аст, ки инро ба инобат бигирем. Дар Ғарб вазъиятро пайгирӣ мекунанд. Ду рӯз мунтазир шуда, сипас изҳороти сершуморе дар бораи демократияву озодӣ ва ғайра пахш шуд. СПАД нақшаҳои онҳоро барбод дод”, - гуфт ӯ.

Тавре ки хабаргузории БелТА менависад ӯ ҳамчунин изҳор намуд, ки эътирозгарон дар Қазоқистонро лозим аст, ки “раванду ба зону зада, аз низомиён маъзарат бихоҳанд” ва бо сарвари давлат Қосим-Жомарт Токаев ба гуфтушунид пардозанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.