Раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко рӯзҳои 24-25 феврал бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд, хабар медиҳад ТАСС.

Раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раисони палатаи болоӣ ва поёнии пурлумони ҷумҳурӣ Рустами Эмомалӣ ва Маҳмадтоир Зокирзода дидору гуфтушунид хоҳад кард.

Дар вохӯриҳо масоили ҳамкории мутақобилаи Русия ва Тоҷикистон, инчунин рушди робитаҳои байнипарлумонии байни кишварҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Иштироки Валентина Матвиенко дар Форуми байнипарлумонии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ байни минатқаҳои ҳар ду кишвар дар назар аст.

Раиси Шӯрои федератсия ҳамчунин аз майдон сохтмони мактаби Русия, ки дар Душанбе ҷараён дорад, низ боздид мекунад.

Ба ҳайати Русия як гурӯҳи сенаторон, намояндагони вазорату идораҳои бахши иқтисодӣ ва соҳибкорони Русия шомиланд.

Моҳи ноябри соли 2020 раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Маскав бо Валентина Матвиенко дидору гуфтушунид карда, ӯро даъват намуда буд, ки бо сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид кунад.

Қобили зикр аст, ки пеш аз ин сафар Матвиенко моҳи октябри соли 2016 ба Тоҷикистон омада буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.