Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҳамоиши 9-уми ҷавонони Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (ШОС) оғоз шуд, ки дар кори он магистрантҳо ва олимони ҷавони Тоҷикистону Узбекистон мавзуи рақамикунонии минтақаи ин созмонро матраҳ мекунанд.
Ин ҳамоиши муштараки дурӯза “Маъмурияти 2030 - Насли СҲШ ҳамчун омили асосии рақамисозии минтақа” ном дорад, ки он бо пуштибонии Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон, Маркази дипломатияи халқии СҲШ дар Узбекистон ва Платформаи ҷавонони кишварҳои узви ин созмон SCOLAR Network баргузор мегардад.
Шукрона Раҷабова, муовини директори Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (ШОС) дар Тоҷикистон дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар кори ин ҳамоиш магистрантҳо ва олимони ҷавон аз Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок ва мавзуи рақамикунонии иқтисодиёт ва самтҳои дигарри узви ин созмонро баррасӣ мекунанд.
“Дар шароити пандемияи коронавирус хидматрасониҳои давлатӣ, хариду фурӯш, иқтисодиёт ва кори бисёр самтҳо ба тариқи онлайн, тавассути интернет ва технологияҳои коммуникатсионӣ ба роҳ монда шуд. Аз ин рӯ рушду тақвият додани самти кор дар доираи ин чорабинӣ матраҳ мешавад ва роҳу воситаҳо ва аҳамияти рақамикунонӣ баррасӣ мегардад”,-изҳор дошт, Шукрона Раҷабова.
Ин ҳамоиш ба таври бозии интерактивии “Модели СҲШ” гузаронида мешавад ва онро як василаи омодагӣ ба нишасти пешорӯйи Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой, ки дар назар аст тирамоҳи имсол дар шаҳри Самарқанд баргузор шавад унвон мекунанд.
Ба иттилои манбаъ Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистон, филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов, Донишгоҳи ҷаҳонии иқтисод ва дипломатияи Тошканд ба ин ҳамоиш даҳҳо нафар ҷавонони муҳассил ва олими риштаи муносибатҳои муосири байналмилалиро сафарбар кардаанд.
Ба гуфти манбаъ, дар ин ҳамоиш Дабири кулли СҲШ ҷаноби Ян Минг низ иштирок кард ва суханронӣ кардааст.
Гуфта мешавад, ширкаткунандагони ин ҳамоиш, худро дар нақши сарони кишварҳои узви СҲШ муаррифӣ намуда, дидгоҳи миллии мушкилот ва ҳалли онро муаррифӣ намуда, дурнамои рушди соҳаи рақамиро ҳамаҷониба муҳокима мекунанд.
Дар ин кор ба гурӯҳи ҷавонони ширкаткунанда мутахассисону коршиносон кӯмак мерасонд.
Дар назар аст, дар ҷаласаи ҷавонони Тоҷикистону Узбекистон таваҷҷуҳ барои омӯзиш ба Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои СҲШ пешниҳод шавад.
Пешниҳоде низ шудааст, ки дар чаҳорчӯби Донишгоҳи СҲШ барои омодасозии мутахассисон дар соҳаи ТИК (ИКТ) ва рақамисозӣ як минтақаи махсус (Институт) ҷудо карда шавад ва дар заминаи ин созмон Маркази мубориза бо киберҷиноятҳо кушода шуда, фонди “Рақамии СҲШ” таъсис ёбад. Ҳамзамон таҳияи раводиди ягонаи сайёҳӣ "VISA Tourist SCO" ва таҳияи лоиҳаи “Озмоишгоҳи оқилонаи хоҷагӣ” низ дар назар аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста