Бар асоси тасмими Маҷмаи Умуми Созмони Милали Муттаҳид  узвияти Русия дар Шӯрои ҳуқуқи башари ин созмон мутаваққиф шуд.

Далели таваққуфи узвияти Русия нақзи шадид ва мунтазами  ҳуқуқи инсон зимни ҳамлаи Русия ба Укроин аз сӯйи низомиёни Русия эълон шуд.

Ба ҷуз Русия, дар ин Маҷмаа 93 кишвари узв раъйи мувофиқ доданд. 24 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон раъйи мухолиф дод. 58 кишвари дигар аз додани раъй худдорӣ карданд.

Геннадий Кузмин, муовини намояндаи Русия дар СММ ин қатъномаи СММ-ро "ғайриқонунӣ ва дорои ангезаи сиёсӣ" номид.

Сурат: СММ

Чин ҳам мухолифи боздошти узвияти Русия раъй дод. Намояндаи Чин  Чжан Тсзюн ин тасмимро шитобкорона номид ва гуфт, ки он мухолифатҳо дар СММ-ро суръат мебахшад.

Намояндаи Укроин дар СММ Сергей Кислитса қабл аз раъйдиҳӣ гуфт, ки ҳимоят аз қатънома  Шӯрои ҳуқуқи башарро наҷот медиҳад ва ҷони бисёриҳоро дар Укроин  ва дунё эмин медорад.

Мутаваққиф кардани узвияти Русияро дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ ҳафтаи гузашта ИМА пешниҳод карда буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.