Усмонзода Аюб Ислом бо қарори раиси ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ректори нави Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таъин шуд. Курсии ректори ин донишгоҳи бузургтарини вилояти Суғд аз 21-уми феврал ба ин сӯ, холӣ буд.
Ҷамшед Ҷӯразода, ректори собиқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар моҳи феврал аз мақомаш барканор ва муовини аввали вазири маорифи Тоҷикистон таъин шуда буд.
Аюб Усмонзода то расидан ба курсии ректори бузургтарин мактаби олии вилояти Суғд, муовини ректори ҳамин донишгоҳ дар умури тарбиявӣ буд ва 50-сола мебошад.
Аюб Усмонзода 3 марти соли 1972 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соли 1995 факултаи таъриху ҷомеашиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷандро хатм кардааст.
Ӯ то расидан ба мақоми ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар вазифаҳои сарпионервожатии мактаби миёнаи № 15-и Хуҷанд (1989-1991), ҷонишини директор ва муаллими таърихи мактаби миёнаи № 9 (1991-1993), муаллими таърихи мактаби миёнаи № 15-и Хуҷанд дар солҳои 1993-1994 буд.
Аммо баъди солҳои 1994 ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд омада, корро дар ин мактаби олии шимолии Тоҷикистон ба ҳайси танзимгари факултети таърих оғоз кардааст.
Солҳои 1998-2019 дараҷаҳои илмии номзад ва доктори илмҳои таърихро соҳиб шудааст. Дар вазифаҳои мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон, ҷонишини раиси кумитаи иттифоқи касабаи ин донишгоҳ низ кор кардааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар ҷашни Ваҳдати миллӣ тоҷикистониёнро чӣ гуна чорабиниҳо интизоранд?
Аз соли 2011 шаҳрвандони Тоҷикистон 9 раводиди ИМА-ро тариқи сармоягузорӣ гирифтаанд
Пешниҳод шуд, ки ба президент бори дуюм унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шавад
Боз 2 нафар дар дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шуданд
Аз оғози сол дар Тоҷикистон кадом маҳсулот арзону кадомаш қимат шуд?
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли тухм, гӯшти мурғу моҳӣ зиёд шуд. Хатлон пешсаф аст
Рустами Эмомалӣ бо сафири Чин ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷонибаро баррасӣ карданд
Як ширкати Дубай дар Тоҷикистон коргар меҷӯяд
Оғози бозиҳои КМВА ва «Хуҷанд» дар Ҷоми КФО-2022
Иштироки се ҷудокори тоҷик дар “Ulaanbaatar Grand Slam 2022”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста