Бар асоии иттилои дарёфтии "Азия-Плюс" имрӯз дар бархе аз ниҳодҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст. Бар пайи ин тағйирот Икром Субҳонзода аз мақоми мудири Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон барканор шудааст.
Як манбаи "Азия - Плюс" дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, ки Субҳонзода бо фармони президент мудири Агнетии давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм таъин шудааст. Аммо ҳоло маълум нест, ки ба ҷойи Субҳонзода кӣ мудири Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон таъин шудааст.
Икрон Субҳонзода дар гузашта ҳам дар Вазорати маориф ва илми кишвар кор мекард.
Раиси пешини Оҷонсии давлатии назорат дар соҳаи маориф Шоҳин Саидзода, писари вазири собиқи маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саид буд, ки 21-уми феврал аз мақомаш барканор шуда буд.
Ҳамчунин бар пайи тағйироти имрӯз, Зубайдулло Абдулзода муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон таъин шудааст. Абдуллозода то ин дам мудири Литсейи шумораи 1-и Душанбе буд.
Бо қарорҳои дигари раиси ҳукумати Тоҷикистон Аюб Усмонзода, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Ғафуров, Сарвар Қурбониён, муовини вазири молия ва Нигина Абдураҳмонзода, директори Агентии рушди бозори қоғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсусгардонидашудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
«Рости гап»: Чаро забони тоҷикии адабӣ то ҳол оммавӣ нашуд
Деҳқони ҷайҳунӣ тарбузи зард парвариш кард
Бар асари тӯфони чангу ғубор ҳаво дар Душанбе чӣ гуна тағйир ёфт?
Ҷойҳо иваз шуданд: рубл беқурбу доллар гарон мешавад
ВКХ Русия қоидаҳои вуруд барои хориҷиёнро вобаста ба бекор шудани маҳдудиятҳо шарҳ дод
Вазорати маориф: “Барномаи таҳсилоти томактабӣ иҷро намешавад”
Reuters: Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати миллиардҳо маблағгузорӣ ба сохтмони неругоҳи “Роғун” дастур дод
Судяҳои ВМКБ ва Суғд барои “кирдорҳои пастзанандаи шаъну эътибор” аз мансаб барканор шуданд
MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд
Имкони гуфтушуниди қарибулвуқӯъи Аҳмад Масъуд бо Толибон дар Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста