Мулоқоти навбатии чоруми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Қирғизистон баргузор мешавад. Дар ин хусус чанде пеш сарони кишварҳои Қирғизистон Садир Жапаров ва Ӯзбекистон - Шавкат Мирзиёев тариқи телефон гуфтугӯ карданд.
Баргузории нишасти навбатии сарони кишварҳои минтақа рӯзи 21 июл дар шаҳри Чолпон-Ато ба нақша гирифта шудааст.
Қобили зикр аст, ки тайи чанд рӯзи ахир сарони кишварҳои минтақа бо ҳамдигар тариқи телефон гуфтугӯ намуда, ба масъалаи омодагӣ ба нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.
Аз ҷумла рӯзи 30 июн ин масъала дар гуфтугӯи телефонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президети Қирғизистон - Садир Жапаров мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ин сӯҳбат бо ташаббуси ҷониби Қирғизистон сурат гирифт.
Нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ (расман - Мулоқоти машваратии сарони кишварҳо) - вохӯрии ҳамасолаи сарони кишвари минтақа - Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон мебошад.
Ташаббуси баргузории вохӯриҳои машваратӣ аз ҷониби Шавкат Мирзиёев моҳи сентябри соли 2017 дар иҷлосияи 72-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк пешниҳод гардида буд.
Маъмулан нишаст бонавбат дар яке аз ин панҷ кишварҳо доир мегардад. Нишасти аввал баҳори соли 2018 дар пойтахти Қазоқистон, вохӯрии дуюм - тирамоҳи соли 2019 дар Тошканд доир гардида, мулоқоти сеюм соли 2020 бояд дар Бишкек баргузор мешуд, лекин бар асари пандемияи коронавирус ба таъхир афтод.
Мулоқот моҳи августи соли 2021 дар шаҳри Аваз (Туркманистон) доир гардид. Вохӯрии навбатӣ тибқи нақша бояд дар Душанбе баргузор мешуд.
Дар ин вохӯриҳо ҷанбаҳои калидии рушди ҳамкориҳои мутақобилаи сиёсиву тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ байни кишварҳо, таъмини амнияти минтақавӣ ва масоили мубрами ҳамкориҳои минтақавӣ ва байнулмилалӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Aleph ва Reddit хидматрасони таблиғгарон дар бозорҳои рушдёбандаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ мебошанд
Ҳалокати ду нафар бар асари садамаҳои нақлиётӣ дар ду рӯзи охир
Таҳримҳои зидди Русия ба афзоиши содироти маҳсулоти соҳибкорони тоҷик сабаб шуд
Як ронанда дар Душанбе барои беэҳтиромӣ нисбат ба мусофирон 10 шабонарӯз ҳабс шуд
Дар Туркия Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ оғоз шуданд
Аз оғози сол дар Тоҷикистон 123 нафар ғарқ шуданд
Дар Олимпиадаи Ҳиндустон се шоҳмотбози тоҷик меъёрҳои устоди байнулмилалиро иҷро карданд
Пешниҳоди таъсиси гуруҳ ба диаспораи ӯзбекон дар Перм барои иштирок дар ҷанг бо Украина
Фурӯши билет ба қатораҳои самти Русия оғоз шуд. Чанд пул нарх дорад ва дар куҷо метавон харид?
Русия 13 шаҳрванди мавриди ҷустуҷӯ қарордоштаро ба ихтиёри Тоҷикистон супурд (рӯйхат)
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста