Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Қирғизистон рафт.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазирони корҳои хориҷӣ, нақлиёт ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Имрӯз дар шаҳри Чолпон-Отаи вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон нишасти чаҳоруми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба кори худ оғоз мекунад.
Зимнан, дафтари матбуотии президенти Қирғизистон хабар медиҳад, ки “роҳбарони кишварҳо оид ба таҳкими ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ дар рӯбарӯи чолишҳо ва таҳдидҳои амнияти минтақавӣ табодули афкор намуда, дурнамои густариши ҳамкорӣ ба хотири таъмини рушди устувори иқтисодии кишварҳои минтақаро баррасӣ мекунанд”.
Гуфта мешавад, инчунин, масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарии давлатҳои Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
Дар ҳамин ҳол, сарони кишварҳои Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Қазоқистон - Қосим-Ҷомарт Тоқаев чанде пештар ба Қирғизистон ташриф оварда буданд.
Раҳбарони се кишвар дар фазои ғайрирасмӣ сӯҳбат карда, бо қаиқ (теплоход) дар Иссиқкӯл сайругашт карданд.
Анҷоми хусусигардонӣ? Бонки ҷаҳонӣ гуфт, хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ ба кундӣ пеш меравад
Ҳалокати 20 нафар дар мавҷи дувуми таркиши дастгоҳҳои иртиботии "Ҳизбуллоҳ"
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Нишони зоҳиру ботин”
“Зада, миёнамро маъиб карданд”. Қиссаи муҳоҷирони тоҷики аз Русия ихроҷшуда
"Равшан" аз Ҳиндустон бо як имтиёз бармегардад
“Султони ишқу шаҳриёри шеър”. Ёде аз Шаҳриёр, шоири форсизабон, ки дар Тоҷикистон ҳам ҳаводор дорад
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати ҷудои ҷаҳон байни наврасон маълум шуд
“Биёед чароғҳоро дубора фурӯзон кунем”. Чӣ яғнобиҳоро водор мекунад ба мулки падарии худ баргарданд?
Боздошти як ҷавон бо гумони куштори хоҳараш бо 9 зарби корд
Ҷабҳаи муқовимат ҳушдор додааст, ки ДОИШ қасди ҳамла ба сафоратхонаҳои хориҷӣ дар Кобулро дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста