Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода нусхаи эътимодномаи Роҳбари навтаъйиншудаи Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Раймундус Кароблисро қабул кард.

Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар вохӯрӣ ҷонибҳо перомуни муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ инчунин густариши ҳамкориҳои минтақавӣ табодули афкор намуданд.

Гуфта мешавад, Музаффар Ҳусейнзода роҳбари нави Намояндагиро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик намуда, ҷиҳати пешбурди рисолати дипломатияш дар Тоҷикистон комёбиҳо таманно намуд.

Ёдрас мекунем, ки Раймундус Кароблис дар ин мансаб Мерилин Йозефсонро иваз кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.