Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ният дорад, ки ба густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон  дар бахши амният ва пешбурди озодиҳои бунёдӣ тақвият бахшад. Дар ин бора дар изҳороти табрикии котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ба муносибати 31-юмин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон изҳори назар шудааст.

Бино ба иттилои сомонаи намояндагии дипломатии ИМА, дар изҳорот зикр мешавад, ки Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон як шарики қавии мубтанӣ бар ҳадафҳои муштарак, робитаҳои мухталифи фарҳангӣ ва мардумӣ, уҳдадориҳои мубориза бо таҳдидоти террористӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақа ва саросари ҷаҳон бунёд кардаанд.

“Мо ба тақвияти ҳамкориҳо дар бахши амният ва пешбурди озодиҳои бунёдӣ умедвор ҳастем, зеро ин асоси ҷомеаи босабот ва шукуфон аст”, - омадааст дар изҳороти Энтони Блинкен.

Котиби давлатии ИМА изҳори итминон кардааст, ки  робитаҳои минтақаии мо дар чорчуби C5 + 1 танҳо бо мушорикат дар талошҳо барои муқобила бо тағйироти иқлимӣ, расидагӣ ба масъалаҳои ҳуқуқи башар ва шиносоии имкониятҳои тиҷоративу сармоягузорӣ тақвият хоҳад ёфт.

“Сарфи назар аз он ки ҳар ду кишвари мо дар соли гузашта ба далели тағироти ҷаҳонӣ бо мушкилот рӯбарӯ шуданд, Иёлоти Муттаҳида ҳамчунон ба суботу шукуфоии Тоҷикистон содиқ аст”, - илова шудааст дар фарҷоми изҳорот.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.