Суди олии Русия Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ)-ро созмони террористӣ эътироф ва фаъолияти онро дар қаламрави ин кишвар манъ кард.
Дар ин бора хабаргузории «Известия» имрӯз, 14-уми сентябр, хабар дод.
Гуфта мешавад мурофиа паси дарҳои баста баргузор шуд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан додситони кулли Русия бо талаби террористӣ эътироф шудани ҲНИТ ба додгоҳ муроҷиат кард. Дар ин бора, прокурори генералии Русия Игор Краснов зимни сафари хеш ба Тоҷикистон иттилоъ дод буд.
Дар Тоҷикистон фаъолияти ин ташкилот соли 2015, пас аз кудетои нокоми муовини вазири дифои кишвар, генерал Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, ки солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар сафи ИНОТ ҷангида буд, манъ карда шуд. Гуфта мешуд, ки генерали вазорати дифоъ, ки тариқи квотаи 30-фоиза соҳиби мансаб шуда буд, бо маблағгузорӣ ва тарҳрезии ҲНИТ ба кудето даст зад.
Соли 2017 ин ҳизб ба феҳристи ташкилоти террористии сохтори зиддитеррористии СҲШ шомил карда шуд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Аз Юлдуз Усмонова то Фурқати Саид. Тақдими унвони Ҳофиз ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба 10 санъаткори ду кишвар
Аъзои нави тими Рустами Эмомалӣ. Киҳо дар шаҳрдории Душанбе аз вазифа озод шуданд ё мансаби нав гирифтанд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ имзо карданд
Корҳои таъмиру навсозии қитъаи душворгузари роҳи Душанбе - Хоруғ тезонида мешаванд
Боз як ҳолати фавт дар таваллудхонаи вилоятии Суғд
Сохтмони 53 мактаб бо $86 млн қарзи Бонки исломии рушд
Аввалин мулоқоти Шодӣ Ҳафиззода, сардори пешини “УБОП” дар маснади роҳбари дастгоҳи ВКД бо аҳли ҷомеа
Сохтмони Театри Маяковский моҳи май оғоз мешавад ва хароҷоти онро Русия ба зимма гирифтааст
Барои сохтани мактабҳо дар Тоҷикистон аз куҷо метавон беш аз 1 млрд сомонӣ пайдо кард?
Ба имтиҳонҳои муҳоҷирон дар Русия метавонад тағйирот ворид шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста