“Мо аз ҳар ду тараф даъват мекунем, то иҷрои босамари созиши оташбасро таъмин намуда, барои паст кардани шиддати вазъият ва расидан ба ҳалли устувори ихтилофҳои мавҷуда тамоми қувваро ба харҷ диҳанд”, - гуфта мешавад дар изҳороти Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар мавриди вазъият дар марзи байни Тоҷикистон ва Қирғизистон.

Дар изҳорот инчунин дар робита ба теъдоди зиёди ҷабрдидагон аз муноқиша изҳори ҳамдардӣ мешавад.

“Рӯзҳои ахир дар қитъаҳои мухталифи марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон миёни марзбонон задухӯрди шадид ба вуқӯъ пайваст. Мо ба ҳамаи онҳое, ки бевосита осеб дидаанд, изҳори ҳамдардӣ менамоем. Чунин вазъияти муташанниҷ дар марзи муштарак бар таназзули суботи минтақа меоварад”, - омадааст дар изҳороти Иттиҳод.

Гуфта мешавад, Иттиҳоди Аврупо аз созиши оташбаси рӯзи ҷумъа истиқбол мекунад.

Зикр мешавад, ки тавассути Намояндаи вижаи Иттиҳод дар Осиёи Марказӣ ва Намояндагиҳо дар ҳарду кишвар Иттиҳоди Аврупо бо мақомоти ду кишвар робитаҳои дипломатӣ барқарор намудааст.

“Даъват аз он мекунем, ки ҳама гуна ихтилофот бо роҳи осоишта ва дипломатӣ ҳал карда шаванд. Иттиҳоди Аврупо бори дигар пешниҳоди кӯмак ва дастгирии устувори сиёсии худро барои таъмини субот ва шукуфоӣ дар минтақа тасдиқ менамояд”, - илова мешавад дар изҳорот.

Қаблан дабири кулли СММ аз сарони давлатҳои Тоҷикистону ва Қирғизистон даъват кард, ки барои даст ёфтан ба “оташбаси дарозмуҳлат” сари мизи гуфтушунид нишинанд. Антониу Гутерриш рӯзи 17 сентябр изҳор намуд, ки “бо нигаронии амиқ ташаннуҷи вазъият дар сарҳади байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро пайгирӣ дорад”.

Дар изҳорот ҳамчунин зикр мешавад, ки “СММ ба кумак дар дарёфти “қарори устувор, ки ба бартараф намудани ихтилофҳо дар сарҳад имкон медиҳад, омода аст”.

Ёдрас мекунем, ки рӯзҳои 14-17 сентябр дар сарҳади байни Тоҷикистон ва Қирғизистон задухӯрдҳои мусаллаҳонаи шадид ба вуқӯъ пайваст. Ҷонибҳо дар сар задани муноқиша якдигарро гунаҳкор карданд. Бино ба маълумоти ҷониби Қирғизистон, 59 нафар шаҳрвандони кишвар қурбони муноқишаҳо шуда, шумори маҷруҳон ба 163 нафар расидааст. Мақомоти Тоҷикистон расман аз ҳалокати 28 нафар хабар медиҳанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.