Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар суҳбат бо Ҳелга Шмид, дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) муноқишаҳои охири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ кардааст. Дар ин бора сомонаи ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, онҳо дирӯз, 20 сентябр дар ҳошияи Ҳафтаи сатҳи баланди иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суҳбат кардаанд.
Илова бар гуфтугӯи муноқишаҳои марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон, дар ин вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими робитаҳои Тоҷикистону САҲА баррасӣ гардидааст.
Ҳамзамон, ин ниҳод аз тавсеаи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби “Раванди Душанбе” оид ба мубориза бо терроризм ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар рафти мулоқот ҷонибҳо вобаста ба вазъияти баамаломадаро дар Афғонистон низ мубодилаи афкор намуданд.
Бояд гуфт, зимни мулоқоти рӯзи гузашта, Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш оид ба рӯйдодҳои ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба таври муфассал иттилоъ дода, маводҳои марбута, аз ҷумла навор ва аксҳоеро, ки далели таҷовузи низомии Қирғизистонро собит мекунанд, манзур кард.
Ёдовар мешавем, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо сафари корӣ ва иштирок дар иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии СММ бо Мубоҳисаҳои умумӣ ҳоло дар Ню-Йорк қарор дорад. Интизор меравад, ки Сироҷиддин Муҳриддин мавқеъ ва диди Тоҷикистонро оид ба мавзӯъҳои умдаи рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавиро аз минбари СММ ироа кунад.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста