Дирӯз, 13 апрел, дар Самарқанд дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ вохурии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мурат Нуртлеу баргузор шуд.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, зимни мулоқот вазирон масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистонро бо таваҷҷӯҳ ба раванди омодагӣ ба сафари давлатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон, ки дар даҳаи аввали моҳи майи соли 2023 пешбинӣ шудааст, баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон, 13 апрел, Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Беларус Сергей Алейник дидору гуфтушунид кард.
Вазирон масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо ва рафти иҷрои тавофуқоти дар натиҷаи сафари расмии Президенти Беларус ба Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2022 ҳосилшударо муҳокима карданд.

"Ҷонибҳо аҳамияти рушди пайвастаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Беларусро дар заминаи усулҳои шарикии стратегӣ таъкид намуданд", - зикр мешавад дар хабар.
Аз натиҷаи мулоқот Нақшаи машваратҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Беларус барои солҳои 2023-2024 ба имзо расидааст.
Ҳамчунин дар ҳошияи ин нишаст Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Покистон Ҳина Раббонӣ Кхар мулоқот кард.

Дар ҷарёни мулоқот маҷмуи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои ду кишвар ва масъалаҳои алоҳидаи рузномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасии тарафайн қарор доштанд.





Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 марти соли 2026
Сафири Эрон: “Амрикову Исроил мехостанд давоми 48 соат Ҷумҳурии Исломиро сарнагун кунанд, аммо Эрон ин нақшаро вайрон кард”
“Фаластини озод” ва “Таблиғи ҷанг дар мактабҳои Русия”. Кадом филмҳо ҷоизаи "Оскар-2026" гирифтанд ва чӣ паём доштанд?
Талоши Трамп барои “бозкушоии тангаи Ҳурмуз” ва идомаи ҳамлаи тарафҳо. Ду рӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Набард ва пирӯзии Адолат. Чӣ тавр зани тоҷик девори қолаб шикаст ва ширкати худро сохт?
Сардори Раёсати тандурустии Суғд, ки ба ришвагирӣ гумонбар буд, бо пардохти ҷарима аз ҳабс озод шудааст
Як бунёди аврупоӣ ба ширкати “Шоҳин Эйрлайнз” беш аз $200 млн сармоягузорӣ мекунад
Ҳушдори мақомот ба роҳбарони бозорҳои пойтахт барои қимат фурӯхтани маҳсулот дар иди Рамазон
Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё 13 варзишгар намояндагӣ мекунанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 47
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста