Парлумони Тоҷикистон 11-уми апрел лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”-ро баррасӣ ва қабул кард, ки тибқи он минбаъд ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон аз буҷети кишвар пул мегиранд.
Дар ин бора нашрияи “Садои мардум” хабар медиҳад.
Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи кишвар, зимни муаррифии лоиҳаи қонуни мазкур гуфт, лоиҳаи тағйирот ба қонун бо мақсади таҳкими низоми бисёрҳизбӣ, шаффофияти фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, беҳтар гардидани мақоми кишвар ҳамчун давлати демократӣ дар арсаи байналмилалӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст.
“Мутобиқи лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба моддаи 12 сархати нав илова гардида, тибқи он яке аз манбаъҳое, ки маблағҳои ҳизбҳои сиёсӣ аз он ташаккул меёбанд, буҷети давлатӣ, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонуни мазкур, мешавад”, - зикр кард Ашӯриён.
Ба қавли вазир, ба қонуни мазкур моддаи нав (моддаи 121) илова гардида, тибқи он аз рӯйи натиҷаҳои иштирок дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати нав як маротиба бо мақсади дастгирии молиявии ҳизбҳои сиёсӣ аз буҷаи давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд.
Ин қонун ихтисоси маблағ аз буҷети давлатӣ, дар кадом муҳлат ба суратҳисоби ҳизби сиёсӣ гузарондани маблағ, талаботи маблағгузорӣ, андозаи маблағгузорӣ ва дигар шартҳоро мушаххас мекунад.
Мутобиқи он, маблағгузории давлатии ҳизбҳои сиёсии дар интихобот иштирокдошта, ки ҷамъи овозҳои интихобкунандагони ба тарафдории он додашуда аз 5 дарсади овозҳои интихобкунандагони дар овоздиҳӣ иштироккарда кам намебошад, аз рӯи натиҷаҳои интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати нав ба маблағи 7 дарсади нишондиҳанда барои ҳисобҳо зарб ба шумораи овозҳои гирифтаи ҳизби сиёсӣ амалӣ мешавад.
Гуфтан ба маврид аст, ки як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар кишвар ҳоло 72 сомонӣ муқаррар шудааст.
Абдуҳалим Ғаффорзода, вакили парлумон аз Ҳизби сотсиалист, қабули тағйирот ба қонунро заруру саривақти дониста, зикр карда, ки “агар ҳизбҳои сиёсӣ маблағи кофӣ надошта бошанд, барномаҳои худро дар амал татбиқ карда наметавонанд”.
Рустам Латифзода, вакили парлумон аз Ҳизби аграрӣ, таъкид кардааст, ки ин тағйирот “ба ҳизбҳои сиёсии мамлакат имкони иловагӣ медиҳад, ки бо намояндагӣ аз тарафдорону пайравони худ дар мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории кишвар фаъолияти густурда дошта бошанд ва дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ нақши муассир гузоранд”.
Ёдовар мешавем, ки айни ҳол дар Тоҷикистон 7 ҳизби сиёсӣ фаъолият дорад, ки аз он 6 ҳизби сиёсӣ дар парлумони кишвар намоянда дорад.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 майи соли 2025
Ҷавобгарии ҷиноӣ барои "лайк" бекор шуд. Бо ин ҷурм ба зиндон рафтагон озод мешаванд?
Дарёфти ду ҷасад аз обҳои Тоҷикистон дар як рӯз
“Чаро барои хатои дигарон, мо пул диҳем?”. Ҷарима барои қоидавайронкунии ронандагони нақлиёти ҷамъиятиро кӣ бояд пардохт кунад?
Даромади умумии операторони алоқаи Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2025 зиёда аз 1,1 миллиард сомонӣ будааст
Озмоишҳо дар марзи Қазоқистону Русия: қиссаи як хонаводаи тоҷик, ки мехост ҳузурашро дар Русия қонунӣ кунад
6 миллиард рубл хисорот ва 500 ҷилд парванда. Бастрикин ҷузъиёти парвандаи ҳамла ба “Крокус”-ро гуфт
Аз намоиши “Рӯбоҳи ҳилагар” то рӯнамоии маҷмӯаи “Килки сабз”. Дар Душанбе иди кӯдакон чӣ гуна таҷлил мегардад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Як рӯзи хазонрез”, қисми 3
Андоз аз воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон зиёд гардид. Муоинаи техникӣ ҳам гарон шуд (КАЛКУЛЯТОР)
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста