Ба иттилои дафтари матбуоти раиси ҷумҳур, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони корҳои дохилӣ, саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт, фарҳанг, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, директори Агентии назорати маводи нашъаовар ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.

Бояд гуфт, ки ин аввалин сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Италия ва Ватикан аст ва дар назар аст, зимни он масоили ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои иқтисоду сармоягузорӣ, ҷалби ширкатҳои итолиёӣ ба Тоҷикистон, баргузории чорабиниҳои минтақавӣ ва рушди долонҳои нақлиётӣ баррасӣ шавад.

Ҳамчунин дар ҷараёни ин сафар дар назар аст, ки ҳамоиши сармоягузории “Тоҷикистон - Италия” баргузор шавад, ки имкони муаррифии имконоти сармоягузории Тоҷикистонро ба ширкатҳои итолиёвӣ хоҳад кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.