Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш созишномаи аз ҷониби сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон имзошударо дар бораи сарҳади давлатӣ самимона шодбош гуфт. Тавре ки хадамоти матбуоти СММ хабар медиҳад, табрикот дар изҳорот аз номи роҳбари Созмон зикр шудааст.
Антониу Гутерриш ҳарду кишварро бо ин дастоварди таърихӣ табрик гуфта, роҳбарӣ, ҷасорат ва иродаи сиёсии онҳоро дар анҷоми муваффақонаи раванди чандинсолаи гуфтушунид баланд арзёбӣ кард.
Бино ба изҳороти Созмон, дабири кулл ба ҳамкории мутақобилаи созанда байни кишварҳо ба хотири таҳкими эътимоди дуҷониба, муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ ва таъмини сулҳу озодӣ барои мардуми кишварҳо ва дар маҷмӯъ минтақа изҳори умедворӣ кард.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 13 март сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров Шартнома дар бораи сарҳади давлатиро ба имзо расониданд.
Дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон фаъолияти ду гузаргоҳи марзӣ, ки аз соли 2021 қатъ гардида буд, дубора барқарор шуд. Аз 14 март ҳамчунин хатсайрҳои ҳавоӣ байни шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе бо Бишкек роҳандозӣ мешаванд.
Муҳлати қонунигардонии будубош дар Русия то сентябр тамдид шуд. Посух ба муҳимтарин саволҳо
Аз $27 ҳазор ҷарима то 10 соли ихроҷ. Кумитаи дин паёмади нақзи тартиби нави ҳаҷҷи имсоларо шарҳ дод
Аз Чилдухтарону Осорхонаи Восеъ то оромгоҳи Ҳазрати Султон. Маконҳои сайёҳиву таърихии минтақаи Кӯлоб, ки ҳатман бояд дид
“Ба ватан баргаштем, аммо ҷуброни зарар мехоҳем”. Чанде аз зоирони дар Арабистони Саудӣ дармонда ба Тоҷикистон баргаштаанд
Мақомоти Эрон сабаби таркиш дар бандари “Шаҳид Раҷоӣ”, ки боиси ҳалокати 70 кас шуд, гуфтанд
Қирғизистон марзи худ бо Тоҷикистонро симхор мекашад
“Олам - гулистон”. Омори ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна ҳисоб карда мешавад?
Оби Осиёи Марказӣ. Сокинони минтақаро чӣ интизор хоҳад буд?
КҲФ аз омадани тӯфони чангу ғубор ба Тоҷикистон огоҳ мекунад
Футзалбозонеро, ки аз бозӣ дар тими мунтахаб даст мекашанд, чӣ интизор аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста