Дар натиҷаи интихоботи парлумонӣ 5 ҳизби сиёсии Тоҷикистон, ки беш аз 5 дарсади овозҳоро ба даст оварданд, бори аввал аз буҷаи давлат беш аз 22 миллион сомонӣ мегиранд.

Тибқи муқаррароти нави Қонун “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”, ки моҳи апрели соли 2024 қабул шуд, ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон ҳақ доранд, ки аз буҷаи давлат пул гиранд.

Ба қонуни мазкур моддаи нав (моддаи 121) илова гардида, тибқи он аз рӯйи натиҷаҳои иштирок дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати нав як маротиба бо мақсади дастгирии молиявии ҳизбҳои сиёсӣ аз буҷаи давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд.

Ин қонун ихтисоси маблағ аз буҷети давлатӣ, дар кадом муҳлат ба суратҳисоби ҳизби сиёсӣ гузарондани маблағ, талаботи маблағгузорӣ, андозаи маблағгузорӣ ва дигар шартҳоро мушаххас мекунад.

Мутобиқи он, маблағгузории давлатии ҳизбҳои сиёсии дар интихобот иштирокдошта, ки ҷамъи овозҳои интихобкунандагони ба тарафдории он додашуда аз 5 дарсади овозҳои интихобкунандагони дар овоздиҳӣ иштироккарда кам намебошад, аз рӯи натиҷаҳои интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати нав ба маблағи 7 дарсади нишондиҳанда барои ҳисобҳо зарб ба шумораи овозҳои гирифтаи ҳизби сиёсӣ амалӣ мешавад.

Гуфтан ба маврид аст, ки ҳоло як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба 75 сомонӣ баробар аст ва 7 дарсади он 5 сомониву 25 дирамро ташкил медиҳад.

Мо бо такя ба орои эълонкардаи Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) аз натиҷаи интихоботи рӯзи 2-юми марти соли 2025 маблағи аз буҷаи давлат мегирифтаи ҳизбҳои сиёсиро муайян кардем.

 


Бояд гуфт, ки аз 7 ҳизби сиёсӣ дар интихоботи парлумонӣ танҳо 5 ҳизб беш аз 5 дарсади овозҳоро ба даст оварда, вориди парлумон шуданд. Аммо ду ҳизби дигар – Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва Ҳизби сотсиал – демократи Тоҷикистон, ки ба порлумон роҳ наёфтанд, аз буҷаи давлат маблағ намегиранд.

Интихоботи порлумонӣ чӣ гуна гузашт ва кӣ ва аз кадом ҳизбу ҳавза вакили парлумон интихоб шуд, дар ин матлаби мо мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.