Ҳаракати "Толибон" дар Русия дигар созмони террористӣ ҳисобида намешавад. Додгоҳи олии Русия дархости додситони кул барои боздошти амали қарори манъи фаъолияти ҳаракати “Толибон”* дар ин кишварро қонеъ кард. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад.
“Бо қарори Додгоҳи олии Русия амали қарори манъи қаблан муқарраршуда ба фаъолияти ҳаракати “Толибон”, ки ба рӯйхати федералии ягонаи созмонҳои террористӣ эътирофгардида дохил шуда буд, боздошта мешавад”, - эълон кардааст қарорро додрас Олег Нефедов.
Қарор фавран мавриди амал қарор мегирад.
Ҷаласа пушти дарҳои пӯшида баргузор шудааст.
Тавре ки РБК хабар медиҳад, пас аз ворид гардидани тағйирот ба қонун “Дар бораи муқовимат ба терроризм” дар соли гузашта, ҳаракати “Толибон” аввалин созмоне шуд, ки аз рӯйхати террористӣ хориҷ гардид. Мувофиқи тағйирот, қарори боздошти фаъолияти созмон дар ҳолате аз ҷониби додгоҳ қабул мешавад, ки агар он фаъолияти тарғибгарии терроризм ва инчунин содир намудани чунин ҷиноятҳоро қатъ кунад.
Моҳи августи соли 2021 дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, "Толибон" дубора сари ҳокимият омада, таъсиси Амороти исломии Афғонистонро эълон кард. Аммо ин ҳеҷ як давлати ҷаҳон ин низомро ба расмият нашиност ва эътироф накард. Аз "Толибон" хоста шуд, ки ба ҳуқуқи инсон эҳтиром қоил бошад, давлати фарогир таъсис диҳад ва намояндагони халқҳои дигарро ҳам шомили он кунад.
Дар баробари ин, робитаҳои сиёсии Русия бо “Толибон” ҳамеша барқарор буд. Моҳи январи соли 2024 вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор дошт, ки Русия бо "Толибон" робита дошта, лекин ҳукумати онро то иҷрои уҳдадориҳои сиёсӣ эътироф намекунад.
Моҳи майи соли 2024 ВКХ ва Вазорати адлияи Русия ба президент Владимир Путин хабар доданд, ки “Толибон”-ро аз феҳристи созмонҳои манъшуда хориҷ кардан мумкин аст. Мақомот зикр карданд, ки ҳаракат тамоми қаламрави Афғонистонро зери назорат дошта, ҳокимияти воқеӣ дар кишвар аст. Президент дар шарҳи ин масъала изҳор дошт, ки сарфи назар аз мушкилоти ҷойдошта, ки хеле хуб маълум аст, бо Кобул муносибатҳо роҳандозӣ кардан зарур аст.
Соли 2023 “Толибон” аз рӯйхати созмонҳои террористӣ дар Қазоқистон хориҷ шуда, моҳи сентябри соли 2024 Додситонии кулли Қирғизистон феҳристи созмонҳои манъшударо навсозӣ ва “Толибон”-ро аз он хориҷ кард.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - «Афғонистон» бихонед.