Дар назар аст, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, моҳи октябри соли 2025 ба Тоҷикистон сафар кунад.
Дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нақшаи кори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2025”, ки махзани мутамаркази маълумотҳои ҳуқуқии Вазорати адлия нашр кардааст, дар бораи омодагӣ ба сафари давлатии раисҷумҳури Русия дар моҳи октябр зикр мешавад.
Ҳамчунин, дар нақшаи корӣ ишора шудааст, ки моҳи октябр дар Тоҷикистон ду чорабинии дигар - Шурои сарони давлатҳои ИДМ ва Вохӯрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Русия доир мегардад.
Ба эҳтимоли зиёд, сафари давлатии Владимир Путин ба Тоҷикистон дар рӯзҳои баргузории ин ду чорабинӣ иттифоқ меафтад.
Аммо ҷузъиёти сафари Владимир Путин ҳоло маълум нест.
Бояд гуфт, Владимир Путин бори охир тобистони соли 2022 ба Тоҷикистон омада буд. Зимни ин сафар вазъи кунунӣ ва дурнамои тамоми маҷмӯи шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонии Тоҷикистону Русия баррасӣ гардида буд, аммо ягон санад имзо нагардид.




Аз кор озод кардани муҳоҷирон дар Русия осонтар мешавад. Он чӣ гуна кор мекунад?
Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025
Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста