Эмомалӣ Раҳмон ва Доналд Трамп, раисҷумҳурҳои Тоҷикистону Амрико, дирӯз, 6-уми ноябр, дар шаҳри Вашингтон дидору гуфтугӯ карданд. Ин мулоқот дар доираи ҳамоиши ҷаласаи қолаби “Осиёи Марказӣ – Амрико” баргузор шуд. Дар доираи ин ҳамоиш раисҷумҳурони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ба Амрико рафтанд ва бо раисҷумҳури Амрико мулоқот ва гуфтугӯ карданд.
Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Доналд Трамп, ба иттилои хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, маҷмуи васеи масоили ҳолати кунунӣ ва рушди муносибатҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Амрико баррасӣ шудааст. Ба гуфтаи манбаъ, таваҷҷуҳи бештар ба густариши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ зоҳир гардидааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо Доналд Трамп пойдории амну суботро “заминаи бебаҳо” барои рушди ҳамаи кишварҳо арзёбӣ кардааст.
Ӯ изҳор доштааст, ки дар Тоҷикистон зиёда аз 70 ширкат бо иштироки сармояи Амрико фаъолият доранд.
“Бо ёдоварӣ аз ҷараён ва натиҷаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаи саноати Тоҷикистон, аз ҷумла барои истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, бахусус фулузоти нодир, густариши чунин робитаҳо ба манфиати кор арзёбӣ шуд”, - гуфта мешавад дар хабари расмӣ.
Ҷониби Тоҷикистон таъкид кардааст, ки захираҳои истифоданашуда барои густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузории миёни ду кишвар, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, илму техника, ҳуши маснуӣ ва фанновариҳо хеле зиёд аст.
Дар идома ҷонибҳо масоили мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро муҳокима кардаанд.

Хабаргузории Associated Press менависад, ки Трамп ва раисҷумҳурони кишварҳои Осиёи Марказӣ пеш аз зиёфати корӣ мулоқотҳои дуҷониба анҷом доданд.
Зимни он Трамп гуфтааст, аз ин минтақа “замоне роҳи бузурги абрешим убур мекард ва Шарқ ва Ғарбро мепайваст”, аммо “мутаассифона, президентҳои қаблии Амрико ин минтақаро комилан сарфи назар карданд”. Ӯ гуфтааст, “ман аҳамияти ин минтақаро дарк мекунам”, аммо “бисёр одамон инро намедонанд”.
Ин хабаргузорӣ навиштааст, ки Трамп дар ҳоле аз роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ пазироӣ кард, ки “шикори маъданҳои нодирро шиддат мебахшад”.
“Вашингтон ҳоло роҳҳои нави канорагирӣ аз Чинро дар масоили маъданҳои нодир ҷустуҷӯ мекунад. Чин тақрибан 70% истихроҷи маъданҳои нодир дар ҷаҳонро фаро мегирад ва тақрибан 90% коркарди ҷаҳонии маъданҳои нодири заминро назорат мекунад”, - навиштааст AP.
Ин хабаргузорӣ менависад, Осиёи Марказӣ захираҳои амиқи маъданҳои нодири замин дорад ва тақрибан нисфи ураниуми ҷаҳонро, ки барои тавлиди нерӯи ҳастаӣ муҳим аст, тавлид мекунад. Аммо минтақа барои рушди минбаъдаи захираҳо ба сармоягузорӣ ниёз дорад.
Дар остонаи ин мулоқот гурӯҳе аз сенаторҳои ИМА қонунеро пешниҳод карданд, ки маҳдудиятҳои тиҷоратии замони шӯравиро лағв кунад. Ба гуфтаи бархе аз қонунгузорон, ин қонун сармоягузории Амрикоро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ бозмедорад.
Бояд зикр кард, ки қолаби Осиёи Маркази + Амрико 10 сол пеш ташкил ва майдоне барои мулоқоту муколамаи раисҷумҳурон ва мақомдорон шуд. Мулоқотҳои сатҳи олӣ дар ин қолат боре ҳам дар Осиёи Марказӣ баргузор нашудааст. Аммо вақтҳои охир гуфтугузорҳо дар бораи аввалин мулоқоти раисҷумҳури ИМА бо раисҷумҳурони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Қазоқистон ё Ӯзбекистон зиёд садо медиҳад.




Аз кор озод кардани муҳоҷирон дар Русия осонтар мешавад. Он чӣ гуна кор мекунад?
Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025
Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста