Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Пагоҳ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз фаъолияти бахши кишоварзии ҷумҳурӣ дар нимсолаи аввал натиҷагирӣ хоҳад кард.

Аз дафтари матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар ҷараёни сафари корӣ Э.Раҳмон аз як қатор хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаи паррандапарварии «Наврӯз» боздид хоҳад намуд.

«Пас аз шиносоӣ бо вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Ваҳдат нимаи дуввуми рӯз сарвари давлат дар семинари умумиҷумҳуриявии кишоварзӣ ширкат хоҳад варзид, ки дар он вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ин соҳа мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт», - афзуд манбаъ.