Душанбе. 6-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл президенти Тоҷикистон дар мусоҳиба ба рӯзноманигори расонаи хабарии «Синхуа» чунин гуфтааст: «Ман оғози ҳамоиши навбатии сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхайро ( C ҲШ) бесаброна интизорам ва мутмаинам, ки он пурмӯҳтавову сермаҳсул хоҳад гашт».

Тибқи иттилои расона, сарвари давлати Тоҷикистон бар он назар аст, ки дар ҳамоиш пешниҳодоти тоза рӯи кор омада, лоиҳаҳои муштарак тарҳрезӣ хоҳанд шуд. «Мавқеи умумии кишварҳо нисбат ба мушкилоти асосии рушду тавсиа дар ҷомеаи байнулмилалӣ муайян гардида, аз натиҷаҳои фаъолияти созмон дар давраи сипаришуда натиҷагирӣ карда мешавад ва дурнамои таҳкими муносиботи ҳамкории давлатҳо дар самтҳои афзалиятнок мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт», - гуфтааст дар мусоҳиба Э.Раҳмон.  

«Ман боварӣ дорам, ки дар Душанбе ҳамаи масоили муҳими мавҷуда дар кишварҳои созмон ҳаллу фасл хоҳанд шуд», - гуфтааст сарвари давлати Тоҷикистон.

Э.Раҳмон зикр кардааст, ки то имрӯз асосан таъсиси ниҳоду сохторҳои созмон ва механизми мукаммали минтақавии он, ки ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самтҳои пешбинишуда шароити мусоид фароҳам меоранд, анҷом ёфтааст.

«Имрӯз барои густариши фаъолияти СҲШ тамоми заминаҳо мавҷуданд ва зарур аст, ки мақомоти доимо амалкунандаи он дар таҳияи аснод ва назорати рафти иҷрои қарорҳои қабулшуда бештар кӯшиш ба харҷ диҳанд», - таъкид сохтааст ӯ.

«Ман бар чунин назарам, ки дар сурати зарурати таъмини фаврият ва самаранокии фаъолияти созмон Шӯрои сарони кишварҳо метавонад дар бораи зиёдтар кардани ваколати Котибот ва Кумитаи иҷроияи созмон ба мақомоти марбута омода сохтани асноди заруриро супориш диҳад», - пешиҳод сохтааст Э.Раҳмон.

Ба ақидаи ӯ, Шӯрои ҳамоҳангсозони миллиро зарур аст, ки бо такя ба Котибот ва Кумитаи иҷроия дар кори хубтар ҳамоҳанг сохтани фаъолият ва ҳалли масоили ҷории созмон аз имконоти худ самаранок истифода намоянд.

«Тоҷикистон ба дурнамои неку созандаи созмон боварӣ дорад», - афзудааст сарвари давлати Тоҷикистон.