Душанбе. 3-юми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Зимни мулоқот бо сокинон дар майдони варзишии ноҳияи Рашт президенти Тоҷикитон изҳор дошт, ки рӯзҳои наздик шахсоне, ки ғайриқонунӣ аслиҳа нигоҳ медоранд, бояд онро ба ҳукуматдорон биспоранд ва дар рӯҳои таҷлили Иди Фитр онҳо авф хоҳанд шуд.

Ҳамчунин сарвари давлат афзоиши нишондодҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии минтақаро қайд карда, таъкид сохт, ки шароитҳои мавҷудаи минтақа ба рушди боғдорӣ, занбӯриасалпарварӣ, картошкапарварӣ ва чорводорӣ мусоидат мекунанд.

«Солҳои ахир дар ноҳияи Рашт 15 нерӯгоҳи барқии хурд мавриди истифода қарор гирифт ва ҳукумати Тоҷикистон баҳри рушди ноҳия дар соли равон 15 млн. сомонӣ ҷудо кард, ки аз ҳисоби ин маблағҳо дар шаҳраки Навобод меҳмонхонаи замонавӣ ва майдони варзишӣ сохта шуданд», - гуфт ӯ.

Э.Раҳмон ҳамчунин зикр кард, ки ба сифати тӯҳфа аз маблағҳои Фонди президент 8 адад трактории МТЗ-80, 6 адад мошини ёрии таъҷилӣ, 9 автобуси мусофирбар, 70 компютер ва 12 принтер тақдим мекунад. Зикр гардид, ки ҳамчунин барои таъмиру бозсозии варзишгоҳи ноҳия дар давоми ду сол 3 млн. сомонӣ ҷудо карда хоҳад шуд. Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон озими ноҳияи Тоҷикобод шуд.