Душанбе. 4-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон дар доираи сафари кории худ ба водии Рашт озими ноҳияи Тавилдара шуд.

Нимаи   дуюми    дирӯз   сафари   кории президент дар   ноҳияи Ҷ иргатол идома   ёфт. Дар шаҳраки   Ваҳдат,   ки   маркази   ноҳияи Ҷ иргатол   аст,   бо иштироки   президенти То ҷ икистон бозори   «Баракат»   ва   як маркази   савдо, инчунин бинои   маъмурии   нави   мақомоти   и ҷ роияи   ҳокимияти   давлатии ноҳия   расман    ба   истифода   супурда шуд.

Эмомал ӣ Раҳмон   ба як қисми ҳарбии сарҳадбонии дар ноҳияи Ҷ иргатол воқеъгашта, ташриф оварда,   ба ҳайати шахсии он   дар фазои тантанав ӣ парчами ҳарб ӣ тақдим намуд. Таъкид гардид, ки имр ӯ з бори нахуст   ва нахустин   парчами ҳарб ӣ ба қисмати ҳарбии сарҳадбон ӣ супорида шуд.

Сарвари давлат ба масъулин   баҳри боз ҳам беҳтар намудани   таъминоти моддии сарбозон ва ғамхор ӣ ба муҳофизони Ватан   супоришҳои мушаххас дода   ҳайати шахсии қисми ҳарбиро   ба баланд бардоштани омодагии ҳарб ӣ ва хизмати содиқона   ба халқу ватан   ҳидоят намуд .  

Дар   маркази   ноҳия   Э . Раҳмон     ҳамчунин    аз    намоишгоҳи    дастовардҳои   соҳаи    кишоварз ӣ   ва   маҳсули   ҳунарҳои мардум ӣ   дидан   карда ,    баҳри    таъмини   рушди   бонизоми   тамоми   соҳаҳои    хо ҷ агии   халқи    ноҳия ,   аз   ҷ умла ,   зиёд   кардани   саршумори   қутос   ва   дигар    намудҳои   чорво ,   риво ҷ    додани   корҳои   тухмипарвар ӣ ,   зиёд   намудани   майдони кишти   картошка   аз   ҳисоби   заминҳои   нави   обёришуда ,   идома    додани   шодобнаммоии    заминҳои    ташналаб   ва   афзоиш    додани   ҳа ҷ ми   қарздиҳии   хурд   ба   соҳибкорони   деҳот   дастуру   супоришҳои   қатъ ӣ   дод .

Тибқи иттилои дафтари матбуоти сарвари давлат нимаи дуввуми имрӯз Э.Раҳмон ба Душанбе бармегардад.