Душанбе. 7-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 қонуне, ки маҷлиси намояндагон қабул намуда, аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чонибдорӣ карда шудаанд, имзо намуд.

Қонунҳое Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ)», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти   инҳисорӣ дар бозорҳои мол», «Оид ба ворид намудани   тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Қонунҳои мазкур бо мақсади мукаммалгардонии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, барои рушди минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии мамлакатамон мусоидат мекунанд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.