Душанбе. 7-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон 6 октябр ба унвони Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев барқияи ҳамдардӣ фиристод.

Дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Мардуми Тоҷикистон аз хабари ба амал омадани зилзилаи сахт дар мамлакати Шумо ва дар натиҷаи он қурбон гардидани одамон ва ҳисороти зиёди молии ин фалокати табиӣ сахт андӯҳгин гардид. Дар ин лаҳзаҳои пур аз ғаму андӯҳ аз Шумо хоҳишмандам аз номи Ҳукумат ва халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳли оила ва хешу таборони шахсони ҳалокшуда ва осебдида ҳамдардии самимонаи моро расонед. Ҳукумати Тоҷикистон тайёр аст дар рӯҳияи анъанаҳои чандинасраи дӯстона, ҳусни ҳамҷаворӣ ва дастгирии ҳамдигар ба халқи бародари қирғиз то ҳадди имкон кӯмаки башардӯстона расонад». Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.