Душанбе. 9-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Субҳи имрӯз қатори иборат аз 27 мошини Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон бо кӯмаки башардӯстона аз Душанбе тавассути ноҳияи Ҷиргатол ҷониби минтақаи ҷануби кишвари ҳамсоя - Қирғизистон роҳ пеш гирифт. Кӯмаки башардӯстона ба аҳолии аз заминларзаи шадид осебдида расонида мешавад.

Аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд, ки бо амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади расонидани кӯмаки башардӯстона ба аҳолии аз заминларзаи 5 октябри соли ҷорӣ зарардидаи вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон аз ҳисоби захираҳои давлатии Тоҷикистон   100 м3 тахта, 2000 дона шифери фулузӣ, 100 тонна семент, 100 дона сатил, 100 дона дег, 200 маҷмӯъ сару либос, 200 тонна орд, 5,2 тонна биринҷ, 5 тонна равған, 10 тонна шакар ва 25 тонна сӯзишвории дизелӣ ҷудо карда шуд.

Ёдрас мекунем, ки ш оми 5-уми октябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва Чин заминларза рух дод. Заминларза бештар дар қаламрави Қирғизистон ҳис карда шуда, мувофиқи маълумотир ахир, шумораи қурбониён дар он ҷо ба 74 нафар ва захмиён ба 150 нафар расидааст.

            Заминҷунбӣ дар қаламрави Тоҷикистон ва Чин низ ба қайд гирифта шуд, вале дар ин кишварҳо харобии зиёди иншооту манзили зист ва талафоти ҷонӣ ба мушоҳида нарасид.