Душанбе. 9-уми октябр - Бо ташаббуси Ма ҷ лиси Олии Ҷ умҳурии То ҷ икистон ва бо к ӯ маки Бунёди назорати бемории СПИД дар Осиёи Марказ ӣ , муассисаҳои муттаҳидаи СММ дар масъалаи пешгир ӣ ва табобати бемории СПИД ва намояндагии раёсати назорати маводи нашъадор ва ҷ инояти СММ дар Осиёи Марказ ӣ р ӯ зҳои 9 ва 10 октябр дар шаҳри Душанбе конфронси вакилони парлумонҳои мамлакатҳои Осиёи Марказ ӣ ва Озарбой ҷ он баргузор мегардад.

Конфронс ба масъалаҳои пешгирию табобати бемориҳои ВИЧ ва СПИД бахшида мешавад. Дар конфронс на танҳо вакилони парлумонҳои Қазоқистону Қирғизистон, То ҷ икистону Ӯ збекистон, Туркманистону Озарбой ҷ он, балки намояндагони созмонҳои манфиатдори давлат ӣ , ғайриҳукумат ӣ ва байналхалқ ӣ ширкат меварзанд. Онҳо масъалаҳои такмили заминаи қонунии муборизаро ба муқобили бемориҳои ВИЧ ва СПИД дар байни коргарони муҳо ҷ ир , инчунин монеаҳои қонунии баҳрабардор ӣ аз хизматрасонии тиббиро барои табобату пешгирии ин беморихо дар байни нашъамандон ва маҳбусон баррас ӣ мекунанд.

Аъзои гур ӯ ҳи кории байнипарлумон ӣ , ки соли 2006 бо ташаббуси Жогорку Кенешии Ҷ умҳурии Қирғизистон ташкил ёфта буд, дар бораи нати ҷ аҳои такмил додани заминаи қонунии ҳамкор ӣ дар соҳаи пешгирии бемориҳои ВИЧ ва СПИД дар мамлакатҳои минтақа маълумот медиҳанд. Дар фар ҷ оми конфронс тавсияҳои вакилон дар масъалаи беҳтар сохтани роҳу усулҳои табобату пешгирии ин бемориҳои хавфнок қабул карда мешаванд.