Душанбе. 13-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Ҳукумати мамлакат, масъулини Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони як қатор идораву муассисаҳои давлатӣ ва дигар шахсони масъул машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат масоили вобаста ба татбиқи амалии дастуру супоришҳои президенти, ки зимни сафари кории ӯ ба ноҳияҳои водии Рашт баён гашта буданд ва санадҳое, ки дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон   дар ҳамоишҳои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ҷомеаи иқтисодии Евразия ва дар мулоқоти роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба мувофиқа расиданд, баррасӣ шуд.

Сарвари давлат баҳри иҷрои пурраю саривақтӣ ва босифати онҳо ба масъулин супоришҳои қатъӣ дод.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба масоили кишти тирамоҳии ғалладона ва сабзавоту картошкаи барвақтӣ,   ба кор даровардани гармхонаҳои сабзавотпарварӣ ва омодагии ҷиддӣ ба зимистони пешомад, аз ҷумла баҳри захира намудани маводи сӯхт ва озуқаворӣ таваҷҷӯҳ намуда, дар назди роҳбарони сохторҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошт.

Супоришҳои қатъӣ оид ба тезондани сохтмони нерӯгоҳҳои хурду миёнаи барқӣ, ба кор даровардани марказҳои барқу гармидиҳӣ, бо газу барқ таъмин намудани корхонаҳои саноатӣ ва расондани об ба хоҷагиҳои кишоварзӣ баҳри гузарондани кишти тирамоҳӣ ва ҳамчунин доир ба ҷамъоварии маблағи истифодаи газ, барқ ва об дода шуд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.