Душанбе. 17-уми октябр - Имр ӯ з Президенти Ҷ умҳурии То ҷ икистон Эмомал ӣ Раҳмон ба унвони раиси Ҷ умҳурии Озарбой ҷ он Илҳом Алиев барқияи шодбош фиристод, ки дар он аз ҷ умла гуфта мешавад:

             «М ӯ ҳтарам Илҳом Ҳайдарович, лутфан табрикоти самимонаи маро ба муносибати бори дигар ба мансаби олии раиси Ҷ умҳурии Озарбой ҷ он интихоб шуданатон қабул фармоед.

             Пир ӯ зии дубораи Шумо дар интихобот ба ин мансаби ол ӣ шаҳодати боварию эътимод ва сиёсате мебошад, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо ба гулгулшукуфоии Ҷ умҳурии бародарии Озарбой ҷ он ва беҳтар сохтани шароити зиндагии мардуми он дар арсаи байналмилал ӣ равона карда шудааст.

             Дар То ҷ икистон Шуморо ҳамчун ҷ онибдори густариши ҳамкориҳо байни кишварҳоямон, ки решаҳои амиқи таърих ӣ доранд, эътироф мекунанд. Боварии комил дорам, ки ҳамкориҳои гуногун ҷ абҳаи То ҷ икистон ҷ авобг ӯ и манфиатҳои мардуми ҳар ду кишвар мебошад ва дар оянда низ тавсиа хоҳад ёфт. Мо омода ҳастем, ки баҳри татбиқ намудани ин амал тамоми тадбирҳои заруриро биандешем.

            М ӯ ҳтарам ҷ аноби раис, Ҳайдар Алиевич, аз ин фурсати мусоид истифода бурда, ба Шумо сиҳат ӣ ва саломат ӣ ва комёбиҳо дар фаъолияти минбаъдаатон орз ӯ менамоям».

Ҳамчунин президенти То ҷ икистон Эмомал ӣ Раҳмон бо президенти Ҷ умҳурии Озарбой ҷ он Илҳом Алиев гуфтуг ӯ и телефон ӣ ан ҷ ом дод, ки ҳангоми с ӯ ҳбат раиси Ҷ умҳурии То ҷ икистон бори дигар ҳамтои озарбой ҷ онии худро ба муносибати дубора интихоб шуданаш ба мансаби олии раиси Ҷ умҳурии Озарбой ҷ он аз самими дил табрик намуд.

Роҳбарони ҳар ду кишвари ба ҳам д ӯ сту бародар, оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои ду ҷ ониба ва бисёр ҷ ониба табодули назар намуданд. Ҳангоми с ӯ ҳбати телефон ӣ тава ҷҷ ӯ ҳи хоса ба масъалаҳои вобаста ба созишномаи ҳамкориҳо, ки соли гузашта дар рафти сафари расмии роҳбарони ҳар ду кишвар, дар шаҳрҳои Душанбе ва Боку имзо шуда буданд, зоҳир карда шуд. Эмомал ӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев дар рафти с ӯ ҳбат оид ба густариши робитаҳои д ӯ стона ва ҳамкориҳои гуногун ҷ абҳа, ки ба манфиати мардуми ҳар ду кишвар мебошад, бори дигар изҳори ҷ онибдор ӣ намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.