Душанбе. 17-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафири нави фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар Тоҷикистон Дорис Гертрампф эътимоднома қабул намуд.

Дар сӯҳбати сарвари давлат Раҳмон бо хонум Дорис Гертрампф, ки баъди қабули эътимоднома сурат гирифт, масоили густариши ҳамкории Тоҷикистону Олмон баррасӣ шуд.

Президенти мамлакат аз сатҳи муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, аз ҷумла, таъкид дошт:   «Олмон шарики боэътимод ва деринаи мо дар қитъаи Аврупо аст ва муносибатҳо бо он аз самтҳои муҳимми сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад».

Аз пайвастагии робитаҳои сиёсии ду кишвар, аз ҷумла дар сатҳи олии сиёсӣ низ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Дар сӯҳбат таъкид гардид, ки робитаҳои иқтисодие, ки дар сатҳи вазорату идораҳо ва доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Олмон имрӯз густариш пайдо мекунанд, бояд мавриди дастгирӣ ва ҳавасмандкунӣ қарор гиранд.

Иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии кишвари мо, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, таҳкими ҳифзи сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон, ҳамгироӣ дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, пеш аз ҳама бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории ду кишвар маънидод гардид.

Ба гуфти Дорис Гертрампф Ҷумҳурии Федеролии Олмон барои дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар солҳои 2008 ва 2009 36 миллион евро ҷудо намудааст ва ҳамчунин омода аст, ки дар татбиқи баъзе аз лоиҳаҳои энергетикӣ саҳмгузор бошад.

Дар мулоқот ҳамчунин атрофи авзои кунунии Афғонистон, рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.