Душанбе. 17-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Нимаи дуввуми имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҷараёни иҷрои буҷаи давлатии Тоҷикистон дар соли 2008 мавриди баррасӣ қарор мегирад.

            Тавре аз дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ин хусус дар назди вакилони мардумӣ роҳбарони вазорату идораҳои бахши иқтисодии ҷумҳурӣ, аз ҷумла вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов, раиси кумитаи андоз Ҳаким Солиев, Хадамоти гумрук Гурез Зарифов, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Шерхон Салимзода ва дигарон ҳисобот хоҳанд дод.