Душанбе. 24-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар маросими ифтитоҳи Анҷумани III -уми байнипарлумонии «Русияву Тоҷикистон: имконоти ҳамкории минтақавӣ» президенти Тоҷикистон изҳор дошт, ки ҳамоиши имрӯза ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Русия такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Ба гуфтаи сарвари давлати Тоҷикистон, муносиботи ҳамкории Русияву Тоҷикистон дар сатҳи баланд қарор доранд. «Ба наздикӣ сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ба анҷом мерасад, ки дар қаламрави собиқи шӯравӣ назир надорад ва он маҳз дар ҳамроҳӣ бо Русия бунёд мегардад», - гуфт ӯ.

Э.Раҳмон таъкид сохт, ки 20 дарсади муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон ба Русия рост меояд. «Ҳудуди 60 дарсади сармоягузориҳои хориҷӣ дар 9 моҳи соли равон аз ҷониби Русия амалӣ шуданд», - изҳор дошт президенти Тоҷикистон.

Ба ақидаи президенти Тоҷикистон, сатҳи ҳамкориҳо дар бахши кишоварзӣ нокофӣ аст. «Танҳо бо баргузории намоишгоҳҳову фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба чизе муваффақ нахоҳем гашт», - таъкид сохт ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон аз ширкатҳо ва фондҳои сармоягузории Русия даъват ба амал овард, ки ба фаъолияти худ дар ҷумҳурӣ густариш бахшанд ва зикр кард, ки Тоҷикистон то ҳанӯз оид ба роҳандозии ҳамкориҳо дар бахши истихроҷ ва коркарди уран пешниҳоди Русияро интизор аст.

Ба ақидаи президенти Тоҷикистон, ҳамоишҳои қаблӣ натиҷаҳои дилхоҳ надодаанд. «Боварӣ дорам, ки қарорҳои анҷумани кунунӣ аз ҳарду ҷониб ба иҷро хоҳанд расид», - гуфт дар хотима Э.Раҳмон.

Ёдрас мекунем, ки ан ҷ уман таҳти ҳамраисии Раиси Ма ҷ лиси миллии Ма ҷ лиси Олии ҷ умҳур ӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Раиси Ш ӯ рои Федератсияи Ма ҷ лиси Федеролии Федератсияи Русия Сергей Миронов ҷ араён мегирифта, дар кори он вакилони парлумонҳои ҳарду кишвар, роҳбарони вилоятҳо, кормандони ҳокимияти иҷроия, намояндагони доираҳои илмӣ ва аҳли ҷомеа ширкат хоҳанд варзид. Интизор меравад, ки ба масъалаи такмили заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии ҳамкориҳо таваҷҷӯҳи хос зоҳир хоҳад шуд.

Дар доираи чорабиниҳои анҷуман вох ӯ рию мулоқотҳои доираҳои ти ҷ оратии То ҷ икистону Русия доир мегарданд, ки дар онҳо масъалаҳои тақвияти ҳамкории иқтисодию ти ҷ оратии ду кишвар мавриди баррас ӣ қарор мегиранд. Ҳамзамон баргузории мизҳои гирд дар мавз ӯ ъҳои «Раванди танзими ҳуқуқии муҳо ҷ ирати меҳнат ӣ » ва «Рушди робитаҳои и ҷ тимо ӣ ва гуманитар ӣ » ба нақша гирифта шудааст. Ба имзо расонидани Созишномаи ҳамкор ӣ байни сохторҳои соҳав ӣ , вилоятҳои То ҷ икистон бо субъектҳои марбутаи Федератсияи Русия дар назар аст.

Чанде қабл раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи Русия оид ба корҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Вадим Густов изҳор дошта буд, ки бо назардошти вазъи кунунӣ ва ҷараёни амалишавии ҳамкориҳои минтақавӣ миёни Русияву Тоҷикистон, то соли 2009 муомилоти мол миёни давлатҳоро то ба 1 млрд. доллари амрикоӣ расонидан аз эҳтимол дур нест. Ба қавли ӯ, дар ин анҷуман, барои расидан ба ин мақсад тадбирҳои муассир андешида хоҳанд шуд.

Ҳайати парлумони Русия субҳи 25-уми октябр бо ҳамроҳони худ ба вилояти Суғд рафта, дар идомаи кори Форуми сеюми байнипарлумонии Тоҷикистону Русия иштирок мекунад. Ба ин муносибат дар шаҳри Хуҷанд намоишгоҳи дастовардҳои меҳнатии мардуми вилоят ва муаррифии барномаҳои инвеститсионӣ барпо мегардад. Ҳайати Русия аз Қасри фарҳангии «Арбоб» ва осорхонаи таърихии вилоят низ боздид хоҳад кард. Дар доираи ин боздид дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки ҳунармандони Тоҷикистону Русия барномаи консертӣ доир хоҳад гашт.

Ёдрас мекунем, ки дар ду анҷумани қаблӣ миёни вилояти Суғд ва вилоятҳои Астрахан, Иваново, Саратов, Оренбург ва кишвари Олтойи Русия созишномаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун ба имзо расиданд. Соли ҷорӣ муомилоти мол миёни вилояти Суғд ва Русия ба 360, 6 млн. доллари амрикоӣ баробар шудааст, ки он 48 дарсади ҳаҷми умумии муомилоти молии вилоятро ташкил медиҳад.

Анҷумани аввал моҳи августи соли 2006 дар шаҳри Душанбе баргузор гашта, дар он мақоми доимоамалкунандаро гирифт. Анҷумани дуввум моҳи сентябри соли 2007 дар Русия доир гардида буд.