Душанбе. 24-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар доираи чорабиниҳои Анҷумани саввуми байнипарлумонии «Русияву Тоҷикистон: имконоти ҳамкории минтақавӣ» имрӯз дар шаҳри Душанбе вохӯрии раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо раиси Шӯрои Федератсияи Русия Сергей Миронов баргузор гардид.

            Тавре ёвари раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо зикр карданд, ки мебояд минбаъд иҷрои қарорҳои анҷумани саввум таҳти назорат гирифта шуда, мониторинги қарорҳои амалигашта ҷорӣ гардад.

            Дар анҷоми мулоқот раиси Шӯрои Федератсияи Русия Сергей Миронов ба М.Убайдуллоев медали «15-солагии Шӯрои Федератсияи Русия»-ро супурд.