Душанбе. 29-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар ҷаласаи иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати саввум лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи муқаррароти минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд» ва Панҷ» мавриди баррасӣ қарор мегирад.

            Тавре сухангӯи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷаласа инчунин масъалаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонунҳои ҶТ «Дар бораи Буҷаи давлатии ҶТ барои соли 2008», «Дар бораи судҳои ҶТ», «Дар бораи рӯзҳои ид дар ҶТ», «Дар бораи захоири зеризамиинӣ» ва дигар масоили марбут ба фаъолияти қонунгузорӣ муҳокима хоҳанд шуд.