Душанбе. 25-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Интизор меравад, ки фардо роҳбари маъмурияти президенти Русия Сергей Наришкин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меояд.

            Аз Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» маълум шуд, ки дар чаҳорчӯбаи сафар С.Наришкин бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон атрофи масоили ҷараёни иҷрои қарордоҳои қаблии миёни кишварҳо гуфтушунид хоҳад кард.

            Интизор меравад, ки ҷонибҳо ба масъалаи татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахши энергетика таваҷҷӯҳи хос зоҳир хоҳанд кард. «Аз эҳтимол дур нест, ки масъалаи ворид гаштани Русия ба Консорсиюми байнулмилалии идомаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» низ баррасӣ шавад», - афзуд манбаъ.