Душанбе. 26-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Агентии иттилоот оид ба тиҷорати Русия бо такя ба изҳороти губернатори шаҳри Санкт-Петербург Валентина Матвиенко ва раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев хабар медиҳад, ки зимни мулоқоти дуҷониба изҳор гардидааст, ки соли оянда миёни Душанбеву Петербург дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, илму техника ва фарҳанг созишномаи ҳамкорӣ ба имзо мерасад.

            В.Матвиенко роҳандозии ҳамкориҳоро дар масъалаи таъмини шаҳри Душанбе бо таҷҳизоти мошинсозӣ ва энергетикӣ, тайёр кардани мутахассисони соҳибкасб аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, рушди сохтмон, зерсохтори шаҳр, маълумоти олӣ, сайёҳӣ ва фарҳанг барои ҳарду ҷониб муҳим арзёбӣ кардааст.

            Дар навбати худ, М.Убайдуллоев зикр кардааст, ки таҷрибаи шаҳри Санкт-Петербург дар соҳаҳои хоҷагидорӣ ва рушди иқтисоду зерсохтори шаҳр ибратомӯз аст. «Феълан барои Тоҷикистон масъалаи рушди бахши гидроэнергетика, аз ҷумла омодасозии мутахассисон дар ин соҳа муҳим аст», - гуфтаст ӯ.

            Гуфта мешавад, ки соли 2007 аз рӯи муомилоти савдои хориҷии минтақаҳои Русия бо Тоҷикистон шаҳри Санкт-Петербург мақоми аввалро ишғол кардааст. В.Матвиенко қайд кардааст, ки муносиботи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон аҳамияти вижа дошта, ду соли ахир тамоюли густаришу тавсеъаи он мушоҳида мегардад.