Душанбе. 8-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо хоҳиши сафири Бритониёи Кабир Тревор Чарлз Мур ӯро ба ҳузур пазируфт.

Тавре ёвари раиси ММ МО ҶТ Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар оғози сӯҳбат М.Убайдуллоев длипломатро бо таъин шуданаш ба мансаби сафирӣ дар Тоҷикистон табрик намуда, ба ӯ дар бораи фаъолияти парлумони ҷумҳурӣ маълумоти муфассал додааст. «М.Убайдуллоев таъкид сохтааст, ки дар шароити бӯҳрони молӣ ҳамкории пурсамари парлумонҳои ду кишвар дар кори ба ҳамдигар мувофиқсозии асноди ҳуқуқӣ ва рушди ҳамкориҳои мутақобила натиҷаи дилхоҳ ба бор хоҳад овард», - гуфт Ш.Саидов.

Ба гуфтаи Ш.Саидов, дар навбати худ дипломати бритониёӣ зикр кардааст, ки «баҳри таҳкими муносиботи ҳамкории дуҷониба дар ҳамаи бахшҳо ва бахусус ҳамкории байнипарлумонӣ кӯшиш ба харҷ дода, аз тамоми имконоти мавҷуда истифода хоҳад кард».