Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо имзои як қарор вуруд ва будубоши ноболиғон ба марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо дар вақти шабонаро манъ кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ, ин қарор бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғон, пешгирии содиршавии ҳар гуна қонунвайронкуниҳо аз тарафи ноболиғон ё бо иштироки онҳо, иҷрои дастурҳои Президенти мамлакат содир шудааст.

Дар қарори мазкур масъулони марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо муваззаф шудаанд, ки дар даромадгоҳи ин биноҳо эълони манъи мазкурро овезанд.

Гуфта мешавад, воридшавии ашхоси ба балоғат расида ба ин гуна ҷойҳо дар асоси шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият ба роҳ монда мешавад.

Ба Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар шаҳри Душанбе ва сохторҳои ноҳиявии он дастур дода шуд, ки ҷиҳати ошкор кардани ҳолатҳои воридшавӣ ва будубоши ноболиғон дар марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо дар вақти шабона, масъалаи ба ҷавобгарии дахлдори ҳуқуқӣ кашидани падару модари ин гуна ноболиғон ва роҳбарияти марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо тадбирҳои зарурӣ андешад.