Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро бо фарорасии иди саиди Фитр табрику таҳният гуфт.

Дар паёми Сарвари давлат ба ин муносибат қайд мешавад, ки моҳи Рамазон ва иди Фитр барои мардуми мусулмони мо аз ҷумлаи суннатҳои муқаддаси динӣ мебошанд, зеро онҳо таҷассумгари беҳтарин арзишҳои инсонӣ - аъмоли хайру созанда, сабру таҳаммул, раҳму шафқат, поси хотири гузаштагон ва некиву накӯкорӣ шуморида мешаванд.

«Дини мубини ислом ба мусулмонон талқин мекунад, ки дар зиндагии худ ба исрофкориву зоҳирпарастӣ ва таассубу хурофот роҳ надиҳанд, - омадааст дар паём. - Тибқи ин фармудаҳо мардум бояд ҳангоми баргузории иди Фитр ба одоби оростани дастурхони хоксоронаи маънавӣ одат кунанд ва фарҳанги дуруст истифода бурдани дороиҳои худро дар зиндагиву рӯзгордории хеш ҳамеша риоя намоянд».

Дар табрикот гуфта мешавад, дигар фазилати муҳимме, ки бузургони таҳаммулгаро ва сулҳдӯсти мо анҷом додани онро дар рӯзи иди Фитр фармудаанд, авфи гуноҳҳо ва бахшидани озурдахотирии  байни ҳамдигар мебошад, ки ба таҳкими ризоияту оромӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар миёни аҳли ҷомеа мусоидат мекунад.

Сарвари давлат бо қаноатмандӣ изҳор намуд, ки дар моҳи мубораки Рамазон шаҳрвнадони ҷумҳурӣ ба анҷом додани амалҳои хайр ва корҳои ободонӣ, аз қабили об овардан ба маҳалҳои аҳолинишине, ки сокинони онҳо аз об танқисӣ мекашанд, бунёду таъмир таъмир кардани мактабҳо, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва сохтмону  тармими пулу роҳҳо вусъати тоза бахшиданд.

Таъкид мешавад, ки яке аз рукнҳои муҳимми моҳи шарифи Рамазон додани садақаи фитр буда, тибқи таълимоти Қуръону ҳадис ва фатвоҳои бузургони мазҳаби ҳанафӣ садақаи фитр яке аз василаҳои муҳимми дастгирӣ ва кумак ба шахсони ниёзманд аст ва бояд ба шахсони эҳтиёҷманд, ятимону маъюбон ва маризону камбизоатҳо дода шавад