Мақомоти шаҳрдории Душанбе дар ҳамдастӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пайи ошкор кардани аз ҷониби кӣ ва бо кадом мақсад таъсис додани саҳифаи раиси пойтахт дар Фейсбук мебошанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе хабар дод, имрӯз дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» ба номи раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ се саҳифа амал мекунад, ки ҳамаашон қалбакӣ мебошанд.

«Дар ин саҳифаҳо алҳол ҳеҷ як маълумоти манфӣ интишор нашудааст, лекин муассисони он бояд бидонанд, ки ба амали ғайриқонунӣ даст задаанд», - таъкид доштанд дар мақомоти шаҳрдорӣ.

Мақомоти шаҳрдории пойтахт аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дархост намудааст, ки бо кадом мақсад ва аз ҷониби киҳо таъсис дода шудани ин саҳифаҳоро ошкор кунанд.

Яке аз ин саҳифаҳо чанде қабл - моҳи майи соли 2018 таъсис дода шуда, он ҳам қалбакӣ мебошад.

Раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ алҳол саҳифаи худро надорад, таъкид доштанд дар мақомоти шаҳрдории Душанбе.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.