Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз 10 то 18 сентябр бо интихобкунандагони худ вомехӯранд. Вохӯриҳо мувофиқи дастури Маҷлиси намояндагони Мачлиси Олии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов дар ин робита хабар дод, зимни вохӯриҳо вакилон бо вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар минтақаҳои кишвар ва мушкилоти интихобкунандагон аз наздик шинос мешаванд.

Гайр аз ин, ба гуфтаи манбаъ, вакилон ба интихобкунандагон дар бораи фаъолияти парлумон маълумот дода, аз ҷараёни амалисозии барномаҳои пешазинтихоботии худ гузориш медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки вакилони мардумӣ маъмулан ду маротиба дар як сол бо интихобкунандагон вохӯриҳо мегузаронанд: моҳи сентябр баъди анҷоми рухсатии тобистона ва зимистон – барои шарҳу тавзеҳи паёмҳои ҳамасолаи Президенти мамлакат  ба парлумон.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.