Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки мансабдорони давлатӣ, ки дар ҷойи корашон доир ба даромади худ маълумоти носаҳеҳ медиҳанд ё аз пешниҳоди он саркашӣ мекунанд, аз вазифаҳояшон озод карда шаванд.

Ба палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» пешниҳод ворид шуд, ки мувофиқи он барои пинҳон доштани амволи худ ва амволи аъзои оила мансабдорони давлатӣ метавонанд аз мансаб сабукдӯш шаванд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон.

Тибқи тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда, мансабдорони давлатӣ уҳдадоранд, ки дар ҷойи корашон доир ба даромад, амволи манқул ва ғайриманқул, суратҳисобҳои бонкӣ, коғазҳои қиматнок, қарзҳои бонкии беш аз 25 ҳазор сомонӣ ва амволи аъзои оилаашон эъломия супоранд.

Бино ба гуфтаи манбаъ, тағйироту иловаҳои зикршуда ба қонун «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» эҳтимол аллакай моҳи октябр қабул шаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.