Ҳукумати Тоҷикистон тавсия додааст, ки то ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ дар тамоми деҳоти кишвар ҳаммом, кошонаи ҳусн ва сартарошхонаҳо сохта шаванд.

Аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” дар ин робита хабар доданд, ки ин кор баҳри амалӣ шудани фармони президенти мамлакат сурат мегирад.

“Мо тавсия додем, ки ин иншоот мувофиқи фармони президенти кишвар аз 22 майи соли 2018 (№1059), протоколи ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон аз 14 майи соли 2018 (№5) ва протоколи ҷаласаи сарвазир аз 26 майи соли 2018 бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30-юмин солгарди ҷашни Рӯзи истиқлолият сохта шавад”, - гуфт манбаъ.

Бино ба гуфтаи манбаъ, иншооти мазкур аз ҳисоби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҳамчунин соҳибкорон сохта мешаванд.

“Комиссияи таъсиёфта дар ноҳияҳо кор карда, ҷойи сохтмонро муайян ва лоиҳаи муносибро интихоб намуда, ҷараёни сохтмонро пайгирӣ мекунанд. Тамоми иншоот бояд то ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлаттӣ ба истифода дода шавад”, - хабар доданд аз ҳукумати кишвар.

1/8

Дар сомонаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон 10 лоиҳаи ҳаммому кошонаи ҳусн ва сатарошхонаҳои тавсияшуда барои сохтмон дар деҳоти ҷумҳурӣ нашр шудааст.

“Ин лоиҳаҳо боа вазоратҳои фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав мувофиқа шуд. Бо корҳои лоиҳакашии бино ва иншоот дар минтақаҳо КВД “Лоиҳакаш”-и Кумита машғул мешавад”, - хабар дода мешавад дар сомонаи Кумита.

Ёдрас мекунем, ки дар ҷаласаи моҳи майи ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ба сохтмони биноҳои муосири таълимӣ, ҳаммом бо кошонаи ҳусн ва сартарошхона, боғу гулгаштҳо дар макони сайругашти оммавӣ ва истироҳат, корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла дӯзандагӣ дар тамоми минтақаҳо бештар ривоҷу равнақ бахшида шавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.