Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имрӯз бо иштироки раҳбарият ва фаъолони ҷомеа, намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ, прокуратура ва амният ҷаласа доир мегардад, ки дар он аз иҷрои дастур супоришҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 15 сентябр натиҷагирӣ мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси ВМКБ хабар доданд.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯи натиҷаҳои сафар ба ВМКБ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳукуматҳои маҳаллиро дар самти таъмини ҳуқуқу тартибот дар вилоят мавриди иниқоди шадид қарор дод. Сарвари давлат ба роҳбарони вилоят, ВКД ва КДАМ ҷумҳурӣ ҷиҳати таъмини тартибот дар шаҳри Хоруғ як моҳ муҳлат дод.

Сарвари давлат аллакай санаи 18 сентябр 4 нафар муовинони раиси вилоят, раиси шаҳри Хоруғ ва раисони ноҳияҳои Рӯшон ва Роштқалъаро аз мансаб барканор кард.

Бо дастури президент раиси суди вилоят, Раёсати ВКД, сардорони БДА шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои ВМКБ аз вазифаҳояшон озод карда шуданд.

Рӯзи 1 октябр бошад, президент раиси вилоят Шодихон Ҷамшеро низ аз вазифа озод карда, ба ҷойи ӯ Ёдгор Файзов таъин шуд.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи “Азия-Плюс” дар Раёсати ВКД Тоҷикистон дар ВМКБ хабар дод, ки айни замон вазъ дар вилоят амну субот буда, аҳолӣ ба зиндагиву фаъолияти рӯзмаррааш машғул аст.

“Корҳои ҷорӣ кардани тартибот дар роҳҳо ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт, ҳамчунин мусодираи силоҳи ғайриқонунии дар ихтиёри аҳолӣ қарордошта идома дошта, баргузор намудани кадом як амалиёти бузургмиқёс зидди гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша ба нақша гирифта нашудааст”, - қайд кард манбаъ.

Тавре як манбаи “Азия-Плюс” дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон низ дар ин робита хабар дод, сафарбарии нерӯ ва воситаҳои иловагии артиши миллӣ ба ВМКБ пешбинӣ нашудааст.

Бино ба гуфтаи манбаъ, имрӯз дар  ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла ВМКБ кормандони сохторҳои қудратии Тоҷикистон бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дошта, ба реҷаи пурзӯри адои хизмат гузаронида нашудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.