Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров имрӯз аз камсамарии қонунофарӣ дар соҳаи бонкии кишвар изҳори норозигӣ кард.
Ӯ изҳор дошт, ки дар қонунҳои қаблан қабулшуда, ки бахши бонкиро дар кишвар танзим мекунанд, гуногунфаҳмӣ ва мухолифатҳо дучор мешаванд.
“Ду сол боз мо дар як ҷой почак зада, буҳрони бонкӣ дар кишвар идома дорад”, - изҳор намуд Зуҳуров.
Ӯ қайд кард, ки қарздиҳандагон дар бонкҳо зимни анҷоми расмиёти қарзҳо зери гарав амволи қарзгирандагонро бо як нарх баҳогузорӣ намуда, баъдан маълум мешавад, ки арзиши амволи зери гарав гузошташуда бамаротиб камтар аст.
“Дар қонун ба чунин нофаҳмиҳову мухолифат набояд роҳ дода шавад”, - зикр кард раиси палатаи поёнии парлумон.
Зуҳуров ба раиси Бонки милии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дастур дод, ки чараёни таҳияи тағйироту иловаҳо ба қонунҳои кишвар дар соҳаи бонкӣ, ки ба ақдиаи ӯ, гуногунфаҳмиву мухолифатҳоро бартараф месозанд, тезонида шавад.
Имрӯз вакилон ҳамчунин аз лоиҳаи қонуни аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда “Дар бораи гарави амволи манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда” ҷонибдорӣ намуданд.
Ба гуфтаи раиси Бонки миллӣ, маҳз қонуни қабулшуда ба бартараф сохтани гуногунфаҳмӣ ва мухолифат дар қонунгузории бонкӣ нигаронида шудааст.
Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҳамчунин хабар дод, ки ояндаи наздик ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки ба даҳҳо қонунҳои танзимкунандаи кори соҳаи бонкӣ тағйирот ворид намояд.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров дар навбати худ қайд кард, ки қонунҳои қабулмешуда, ки фаъолияти бонкиро танзим мекунанд, барои фаҳмидан хеле мушкиланд. Ӯ ба Бонки миллӣ пешниҳод намуд, ки ба чунин қонунҳо ва тағйироти ба онҳо воридмешуда шарҳу тавзеҳ омода кунанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста