Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба амали даҳшатангези зӯроварона дар Коллеҷи политехникии шаҳри Керч ба Президенти Русия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки хабари фоҷиабори ҳалокат ва захмӣ шудани одамон ба асари амали даҳшатангези зӯроварона дар Коллеҷи политехникии шаҳри Керчро мардуми Тоҷикистон бо андӯҳи гарон дарёфтанд.

“Тасаллияти амиқ ва ҳамдардиамонро ба пайвандону наздикони ҳалокшудагон изҳор дошта, ба тамоми захмишудагон шифои ҳарчи зудтар таманно дорем”, - омадааст дар барқияи Президенти Точикистон.

Ёдрас мекунем, ки дар натиҷаи таркиши маводи мунфаҷира дар як Коллеҷи шаҳри Керч 19 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд. таркиш рӯзи 17-уми октябр дар Омӯзишгоҳи политехникии ин шаҳри воқеъ дар Қрим рух дод.

РИА Новости

Сергей Аксенов, роҳбари Қрим хабар дод, донишҷӯе ки ин ҳамларо ташкил кард, аз қабл омодагӣ дидааст. Вай моҳи октябр иҷозаи доштани силоҳи шикориро пайдо кардааст. Силоҳе ки вай ҳамроҳ дошт, қонунӣ буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.