Дар шаҳри Бохтар зери роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омодагии вилояти Хатлон ба давраи зимистони солҳои 2018-2019 баргузор гардид.

Тавре ки АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, тибқи маълумоти оморӣ, маблағгузории соҳаҳои иҷтимоиву хизматрасонӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беҳтар ба роҳ монда шуда, ин нишондиҳанда ба омодагии муносиби давраи зимистони солҳои 2018-2019 аллакай таъсири мусбати худро расонидааст.

Гуфта мешавад, мутобиқи маълумоти пешниҳодгардида, омодагии ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят тибқи хулосаи гурӯҳҳои кории ҳукумати ҷумҳурӣ, ба ҳисоби миёна 75%-и иҷрои нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба давраи зимистонро ташкил медиҳад.

Зикр шудааст, ки мутаассифона, ҳолати омодагии баъзе соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят то имрўз нигаронкунанда боқӣ мондааст. Мутобиқи маълумоти Раёсати кишоварзии вилоят, сатҳи таъмини захираи хӯроки чорво, аз ҷумла хӯроки ширадор ва дурушт фарогири танҳо 6%-и шумораи хоҷагиҳои деҳқонии вилоят мебошад. Оид ба 94%-и боқимонда, ки ба бахши хусусӣ дахл дорад, Раёсат ягон хел маълумот надорад.

Муовини Сарвазири мамлакат таъкид намуд, ки таъмини қисмҳои низомӣ бо маводи ғизоӣ, сару либос, пойафзол ва захираи маводи сӯзишворӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, масъулин бояд дар ин самт корҳоро пурзӯр гардонанд.

Муовини Сарвазири мамлакат инчунин ҷиҳати таъмин намудани хизматрасониҳои коммуналӣ ва таъминоти барқ ба сохторҳои хизматрасон супоришҳои мушаххас дод.

Дар интиҳо муовини Сарвазири мамлакат омодагии умумии вилоятро то имрӯз барои давраи зимистони солҳои 2018-2019 дар сатҳи нокифоя баҳогузорӣ намуда,  ба масъулин супориш дод, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин камбудиҳои мавҷударо бартараф намоянд.