Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки истифодаи оинаҳои сиёҳшиша дар нақлиёти мусофирбари шаҳри Душанбе манъ карда шавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, Рустами Эмомалӣ ин пешниҳоди худро таъмини бехатарӣ ва амнияти мусофирон, ҳамчунин боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сокинон ва меҳмонони пойтахт маънидод мекунад.

Пешниҳоди раиси пойтахт ба ҳама гуна навъи нақлиёти мусофирбарӣ ҷамъиятӣ – автобусу троллейбус ва маршруткаҳову (хатгардҳо) такси сарфи назар аз шакли моликияташон дахл хоҳад дошт.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар Душанбе беш аз 2900 адад воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ба мусофирон хизматрасонӣ мекунанд, ки наздики 80%-и онҳо хусусӣ мебошанд.

Беш аз 560 воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар тавозуни корхонаҳои коммуналии шаҳри Душанбе қарор доранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.